medicine

Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ин тарзи дастрас ва қулайи гирифтани ёрии хушсифат ва саривақтии тиббӣ мебошад.

Самараи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ин шартномаи суғуртавӣ (полиси «Ташкилоти суғуртавии «Муин») мебошад, ки ҳамаи хараҷотҳои суғуртавиро яъне ҳама гуна хизматрасониҳои тиббӣ, аз он ҷумла дар соҳаи дандонпизишкӣва хараҷоти доруворӣ аз ҳисоби пардохти суғуртавӣ таъмин карда мешавад.

Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббии ташкилоти суғуртавии «Муин» сифати олитарини хизматрасонии тиббиро таъмин менамояд. Мутахассисони ташкилоти суғуртавӣ барои Шумо дар бобати интихоб кардани барномаи қулайтарини сғуртавӣба тамоми хостаҳои Шумо ҷавобгў буда ёрӣ мерасонад. Яъне Шумо маҳз ҳамон хизматрасониҳои тиббиро интихоб карда мегиред, ки бароятон ҳақиқатан заруранд ва камхарҷу қулай мебошад.

ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хориҷӣ синну солашон аз 16 то 65 бошанд, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд бояд (боист) аз суғуртаи тиббӣ гузашта бошанд.

Барномаҳои суғуртакунии тиббии ташкилоти суғуртавии «Муин» аз инҳо иборат аст:

  • муоина ва маслиҳати духтурони ихтисоси касбҳои асосӣ;
  • таҳқиқоти ташхисӣ ва лабораторияи ултрасадоӣ, эндоскопӣ, рентгенодиагностӣ, ташхисифунксионалӣ;
  • хизматрасониихушсифатитиббӣ, тавассутиистифодабариитаҷҳизотиҳозиразамон;
  • хизматрасонии дандонпизишкӣ бо истифодаи таҷҳизот ва масолеҳи хориҷӣ, диагностикаи функсионалӣ, амалиётҳои анестезиологӣ, ёрии дандонпизишкии терапевтӣ ва ҷарроҳӣ;
  • хизматрасонӣ дар манзил ҳангоми бемориҳои сахт;
  • ёрии стасионарии тиббӣ.

Хизматрасонии тиббироба суғурташудагон мо дар муассисаҳои номдори ш. Душанбе ва муассисаҳои тиббии минтақавии ҷумҳурӣ ба ҷо меоварем.

Дар мавриди зарурат ба хоҳиши Суғурташаванда ташкилоти суғуртавӣ имконият дорад, ки бо муассисаҳои табобатию ташхисию шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ шартномаи хизматрасонии тиббӣ бандад.

xirurg

Ин намуди суғуртакунӣ баробари шахсони воқеӣ бештар аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ба мақсадҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва моддии кормандони худиашон дар мавридҳои амалиётҳои фаврӣ бинобар сабабҳои 17 намуди бемориҳои фаврии ҷарроҳиталаб (сўрохшавии захми меъда ва рўдаи 12 ангушта, тангшавии чуррӣ, қабзияти сахти рўда, бемории санги пешобдон ва дарди гурда, ҳамли хориҷи бачадон ва дигар бемориҳо).

Шахсони синнашон аз 3 то 70 сола ба мўҳлати аз 1 сол ва бештар аз он суғурта карда мешаванд.

Маблағи суғуртавиро худи Суғурташаванда ба маблағи гуногун муқаррар мекунад.

Ҳодисаҳои суғуртавӣ инҳо ҳастанд:

  • малиётҳои таъҷилии ҷарроҳӣ бинобар сабаби бемориҳои сахти ҷарроҳиталаб (ба истиснои бемории онкологӣ);
  • фавти Суғурташуда аз амалиётҳои таъҷилӣ.

Ташкилоти суғуртавии «Муин» ба Суғурташуда аз 15% то 100% аз маблағи суғуртавӣ вобаста ба вазнинӣ ё мураккабии амалиёти ҷарроҳӣ ҷуброни суғуртавӣ мепардозад.

travel

Ҳамин намуди суғурта аз муносибатҳое иборатанд, ки барои таъмини ҳифзи манфиати молумулкии шаҳрвандон ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар (сафари сайёҳӣ, дар хондан, сафари хизматӣ, корҳои шахсиашон, кори шартномавӣ ва дигар корҳо), нигаронида шудаанд.

Муроҷиати Суғурташуда дар давоми мўҳлати амали шартнома ба ҳаргуна муассисаи табобатӣ ҳодисаи суғуртавӣ дониста мешавад, ки бинобар сабаби ҳодисаи нохуш ё беморшавии ногаҳонӣ, ки ёрирасонии фаврии тиббии пулакиро (табобатӣ, реабилитатсиониро, ташхисиро диагоностикиро ё дигар намуди ёрирасонӣ) тақозо мекунад.

Ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғуртавӣ Суғурташуда бояд бетаъхир ба ширкати хизматрасонӣ (сервисӣ), дар ҳар вақту соати шабонарўз, бо телефони дар полиси суғуртавӣ нишон додашуда муроҷиат намояд ва ному насаби Суғурташуда, рақами полис ва ҳолати ҳодисаи суғуртавии баамаломадаро хабар диҳад.

Дар вақти ғайриимкон будани тамос гирифтан бо ширкати хизматрасон, Суғурташуда метавонад худаш мустақилан ба муассисаи наздиктарини табобатӣ бо нишон додани полис муроҷиат намояд. Баъд аз баргаштан аз хориҷа ба таври хаттӣ ба Суғуртакунанда дар бораи ҳодисаи рўй дода бо пешниҳод кардани нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои муассисаи табобатӣ ва дигар хизматрасониҳо бо нишон додани сана, ном ва қимати хизматҳои расонидашударо тасдиқкунанда, муроҷиат менамояд.

Амали полис аз лаҳзаи аз бозрасии сарҳадӣ гузаштани Суғурташуда дар вақти рафтан саршуда, он баробари баъд аз сафари хориҷа аз назорати сарҳадӣ гузаштан ба охир мерасад.

Суғурташуда ўҳдадор аст:

  • ҳангоми бастани шартномаи суғуртакунӣ Суғуртакунандаро дар бораи ҳама ҳолатҳои барояш маълум, ки барои баҳодиҳии хатари суғуртавӣ аҳамият доранд, хабардор намояд.

chp

Ташкилоти суғуртавии «Муин» барномаҳои суғуртакуниро аз ҳодисаҳои нохуш пешниҳод менамояд. Намояндагони касбҳои гуногун, ҳатто касбҳои ғайриоддӣ бо ҳифзи суғуртавӣ таъмин карда шуданашон мумкин аст.

Ҳодисаҳои суғуртавӣ воқеаҳоеанд, ки дартўли амали шартномаи суғуртавӣ руҳ дода бошад:

  • иллатҳои латхўрӣ ё дигар осебрасӣ ба саломатии суғурташуда;
  • муваққатан гум кардани қобилияти коршоямӣ;
  • ҳодисаҳои фавтӣ.

Намудҳои аз ҳама бештар истифодаи бурдашавандаи суғурта инҳостанд:

  • суғуртаи мактабхонҳо вакўдакон аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ;
  • суғуртаи мусофирони воситаҳои нақлиёт;
  • суғуртаи шахсони воқеӣ ва кормандони шахсони ҳуқуқӣ аз ҳодисаҳои нохуш.

Дар мавриди фаро расидани ҳодисаҳои суғуртавӣ маблағи ҷуброни суғуртавӣ вобаста ба вазнинии иллатҳои расида ба андозаи аз 5% то 100% аз маблағи суғуртавӣ пардохта мешавад.

 

passenger

Суғуртаи мусофирон – ин суғуртаи шаҳрвандон ҳангоми аз даст додани фаъолияти меҳнатӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар ҳолати сафар кардан аст. Ба суғурта мусофирони нақлиёти ҳавои, роҳи оҳан, автомобилӣ ва обӣ фаро гирифта мешаванд.

Мўҳлати амали полиси суғуртавӣ аз лаҳзаи эълони сафар то расидан ба нуқтаи муайяни муқарраршуда идома меёбад. Полиси суғуртавӣ танҳо ба хатсайри муайян, ки барои он полиси мазкур гирифта шудааст, дахлдор аст.

Полиси суғуртавӣ ҳангоми аз тарафи мусофир харидорӣ намудани чиптаи сафарӣ ба даст оварда мешавад.
Дар ҳолати гум кардан ё худ набудани чиптаи сафарӣ бо дигар сабабҳо полиси суғуртавӣ аз эътибор соқитшуда ҳисобида мешавад.

Ҳодисаҳои суғуртавӣ – ҳодисаҳоеанд, ки ногаҳон ҳангоми сафар ба вуқўъ пайваста ба ҳолатҳои зерин оварда мерасонанд:

  • зарб хўрдан, шикастан, баромадани устухонҳо, дандонҳо, сўхтан, ҷудошавии (ҷароҳат) узвҳо дар натиҷаи ҳодисаи нохуш;
  • заҳролудшавӣ аз моддаҳои кимиёвии тез ва маҳсулотҳои хўрокаи бесифат;
  • фавти мусофир ҳангоми рух додани ҳодисаи нохуш ба истиснои худкушӣ.

Ҳангоми руҳ додани ҳодисаи суғуртавӣ таъҷилан дар муддати 24 соати вақт, бе назардошти рўзҳои истироҳат (рўзҳои ид) оиди ҳодисаи мазкур ба ҳамоҳангсози суғуртавӣ ба рақами телефони дар полис нишондодашуда ахборот додан зарур аст.

Барои гирифтани маблағи ҷуброни суғуртавӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст: ариза, полиси суғуртавӣ, чиптаи сафарӣ ва дигар ҳуҷчатҳое, ки далели ҳодисаи руҳдода ва хароҷотҳои онро исбот намоянд.

Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба мусофири суғурташуда маблағи ҷуброни суғуртавӣ вобаста ба вазнинии осеби гирифташуда ба андозаи аз 5% то 100%-и маблағи суғуртавӣ пардохт карда мешавад.

Се сабаби интихоби ТС "Муин"

Мо аллакай зиёда аз 30 сол фаъол ҳастем

Аз соли 1992 бомуваффақият дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолият дорем. Таҷрибаи мо дар суғурта - ин муҳофизати манфиатҳои шумост!

Моро дар тамоми ҷаҳон эътироф мекунанд

Сиёсати ташкилоти суғуртавии мо дар саросари ҷаҳон эътироф карда мешавад. Шумо ҳамеша таҳти ҳимояи мо ҳастед!

Шумо метавонед ба мо бовар кунед!

Устувории молиявии ташкилоти суғуртавии моро идораҳои рейтингии бонуфуз тасдиқ кардаанд.

Хабарҳо

НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВӢ ДАР СОЛИ 2020.

24 Майи 2021

20 майи соли 2021 маҷлиси навбатии муассисон ва кормандони Ташкилоти суғуртавии «Муин» баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои натиҷаҳои фаъолияти ташкилот, вобаста ба пешбурди сиёсати давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба соҳаи суғурта мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Чӣ тавре...

Воридоти тағйиру иловаҳо дар сомонаи расмии ТС “Муин”

09 Июли 2021
Воридоти тағйиру иловаҳо дар сомонаи расмии ТС “Муин”

Таъҷилан хабар медиҳем, ки ба сомонаи ТС “Муин” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Акнун ҳамаи иттилоот пурра ва мушаххас дастраси Шумост. Саволҳо, илтифот ва тавсифҳои Шуморо мунтазирем.

Страховые выплаты за 2024 г.

01 Марти 2025

Информация о выплате страховых сумм за 2024 год В течение 2024 года в страховую организацию поступило 90 заявлений. Все заявления были своевременно рассмотрены, и общая сумма выплат по всем видам страхования составила 245565 сомони, в том числе:         - ...

ИТОГИ ФИНАНСОВОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ЗА 2024 ГОД.

01 Марти 2025

26 февраля 2025 года состоялось очередное собрание работников страховой организации «Муин», на котором были рассмотрены вопросы деятельности организации, связанные с продвижением политики государства и правительства республики в сфере страхования. В своём выступлении генеральный директор Исхаков Ш. отметил, что организация на протяжении...

Пардохти ҷуброни суғуртавӣ дар с.2024

07 Июли 2025

Маълумот дар бораи пардохти ҷуброни суғуртавӣ дар с.2024 Дар давоми соли 2024 ба ташкилоти суғуртавӣ 90 аризаву муроҷиатҳои суғурташудагон вобаста ба пардохти ҷуброни суғуртавӣ ворид гардида ва ҳамаи онҳо қонеъ гардонида шуданд, аз ҷумла: -  суғурта ҳодисаҳои ногаҳонӣ                                –...

«
»

Ҳамаи хабарҳо >

На случай наступления страхового события

  • Телефоны круглосуточного центра помощи сервисной компании «АР Companies Global Solutions» Call-центр +7(495)989-11-20 (многоканальный) Факс +7(495)989-11-30 (автомат); Регистрация страхового случая на сайте www.ap-companies.com. Электронный адрес круглосуточного пульта координаторов: info@ap-companies.com Набрав указанный номер телефона, сообщите координатору следующую информацию: Подробнее...
    Страховой случай для выезжающих за рубеж
  • Водителю на случай наступления страхового события(ДТП, пожар, стихийных бедствий и неправомерные действия третьих лиц) 1.При наступлении страховых случаев позвонить по телефону круглосуточного сервиса /CALL CENTER – 93 100 30 30/. ВРЕМЯ РЕАГИРОВАНИЯ СТРАХОВЩИКА - ДО 60 МИНУТ. 2.Пригласить представителя компетентных органов (ГАИ, ОВД, пожарной инспекции, МЧС и т.д.) к месту страхового события Подробнее...
    Водителю на случай наступления страхового события
  • 1

Лутфи муштариён

  • Всемирно Продовольственная Программа ООН в РТ сотрудничает со страховой организацией “Муин” с Апреля 2010 года, по вопросам страхования автотранспортных средств и гражданской ответственности автовладельцев перед третьими лицами, за это время было обработано 2 страховых случая на профессиональном уровне. Мы рекомендуем организацию “Муин” в качестве страховой организации.
    Продовольственная Программа ООН в РТ
  • Страховая организация «Муин» проявила себя как стабильный первоклассный контрагент, стремящийся к развитию страхового бизнеса в Таджикистане.Исходя из нашего опыта страховая организация «Муин» достаточно компетентна в вопросах страховой деятельности и может эффективно и своевременно защищать интересы своих клиентов.Мы рекомендуем организацию «Муин» в качестве надёжного делового партнера по вопросам страхования.
    Посольство США в Таджикистане
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4